=

07:40
Нанотехнология

НАНОТЕХНОЛОГИЯ


Дар замони муосир нанотехнология дар баробари биотехнология ва технологияи иттилооти яке аз равандхои чадидтарини илми имруза ба шумор меравад. Харчанд мафхуми «нанотехнология» дар сарчашма ва адабиётхои илми ва таълими борхо ёдрас шуда бошад хам, вале то имруз таърифи ягонаю умумии он вучуд надорад. Илми нанотехнологияро ба таври мухтасар чунин шарх додан мумкин аст.
Нанотехнология – илми муосири фосилавии бунёди, амали ва техники буда, натичахои ба даст овардаи онро дар равандхои атоми, электрони ва молекулави тавассути усулхои назарияви, амали, тахлил ва синтез, чамбаст мекунанд ва дар хаёт татбик менамоянд. Ё бо ибораи дигар, нанотехнология, ин мачмуи усулхое мебошад, ки барои хосил, тахкик ва истифодаи маводхои сохторашон дар сатхи атомию молекули карордошта хобида, истифода мешаванд.
Вожаи «нанотехнология»-ро соли 1974 физики чопони Норио Танигучи ба илм ворид намуд ва ин истилохро соли 1986 олими амрикои, «падари нанотехнология» Ким Дрекслер хангоми навиштани китоби «Сохтани механизмхо…» истифода кард. Дар консепсияи системахои нанотехнологи пеш аз хама асосхои илмии наноробот, нанокомпютер, наномотор, нанофабрика, наноассамблер ва принс-технология истифода карда мешаванд.
Масалан, гояи наноробот хеле барвакт, яъне онро соли 1959 физики амрикои, яке аз асосгузорони электродинамикаи кванти Ричард Фейнман дар лексияхои машхури худ «Он чо дар поин чой фаровон аст» истифода карда буд, ба вучуд омад. Худи истилохи «робот» - ро бошад, бори нахуст соли 1927 нависандаи чехи Карел Чапек истифода намудааст. Иловаи пешванди нано -пеш аз технология маънои аз миллиард як хиссаи метрро мефахмонад. Як нанометр (1 нм) ба як таксими як миллиард метр (1/10–9 м) баробар мебошад.
Гафсии муйи сари инсон 50000 нм (10–5 м), пардаи хучайра (тахмо) 5-10 нм, рибосома 30 нм, сафедахо 4 то 76 нм, дарозии кислотаи дезоксирибонуклеини (КДН) 2 нм, микронайчахои хунгарди одам 30 нм андоза доранд ва гайра… Чашми одам бошад, зарраи хурдтарини андозааш то 10000 нм (10–4 м) дида метавонад. Илми нано тахкики нанозаррачахо, хусусиятхои фундаментали ва структурии молекулахои андозаашон дар фосилахои аз 1 то 100 нм (10–9 - 10–7 м) бударо меомузад.
Яъне нанотехнология бо ибора ва фахмишхои нанозаррача, нанокомпозитхо, нанонокилхо, наноистехсолот, биоструктураи наноскопи, наносинтез, наноструктура, наносенсорхо, нанонайчахо, нанонуктахо, нанофиристандахо, нанополиш ва гайра алокаманд мебошад. Бинобар ин, нанотехнология хамчун илми муосир, наноструктурахоро дар дастгоххо ва механизмхои хурдтарин истифода карда, аз се самти асоси иборат мебошад:
а) сохтани колабхои электроние, ки таркиби онхо аз якчанд атомхо иборатанд; б) сохтани наномеханизмхо ва роботхое, ки андозаашон бо молекулахо мукоисашаванда аст; в) бевосита бо атомхо ва молекулахо кор кардан дар холати чамъкунии механизмхо. Дар кишвархои чудогонаи олам бо истифодаи нанотехнология истехсоли маводхои анъанавиро, ки дорои наноструктурахо мебошанд, мукаммал кунонида, ба даромади иктисодии калон ноил гашта истодаанд.
Барои мисол, дар ИМА усули анъанавии хосил намудани бензинро аз нафт (усули крекинги), ки бо истифодаи катализатори оксиди алюминий ваоксиди силитсий коркард мешуд, бо рохи хока кардани катализатор дар ин раванд то нанозарра (10–5 - 10– 9) тагйир дода, баромади бензинро ду баробар зиёд намудаанд. Акнун корхонахои нафтистехсолкунандаи ИМА бо истифода аз ин усул хар сол бо маблаги 400 миллиард доллар фоида ба даст меоранд.
Имруз барои бисёре аз давлатхои пешрафта «нано» хубтарин тичорат ба хисоб меравад. чанде кабл, Фонди илмии ИМА пешгуи карда буд, ки то соли 2015 махсулотхои нанотехнологи ва хизматрасони дар ин соха ба триллион доллар мерасад, бинобар ин фирмахои гуногун дар ИМА тарафдори пешрафти ин илми хозиразамон буда, маблаги калонро барои равнаки он чудо менамоянд. Тадкикоти нанотехнологи фанхои гуногунро ба монанди физика, химия, биология, тиб, мухандиси ва барномасози муттахид месозад.
Хамин тавр, дар баробари пешрафти илму техника ва
талаботи хамарузаи инсони боиси он гардид, ки нанотехология хамчун илми бунёдии байнисохави ба пайдоиш ва инкишофу хамкории илмхои хамрадифи худ: наноиника, нанокимиё, нанотиб, технологияи кванти ва гайра заминахои устувори илми гузорад. Имруз нанотехнология яке аз илмхои муосир ва чавон буда, дар ояндаи наздик ба пешрафтатарин илми замонави мубаддал хохад гашт.
Аз ин ру, раванд, ташаккул ва пешрафти илмхои табиташиносию техники нишон медихад, ки бо пешрафти сохахои мухталифи чамъият андеша, мафкура ва шуури инсони низ инкишоф ёфта, боиси пайдоиши илмхои чадид мегардад. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки баъд аз зухури Инкилоби илми - техники (ИИН) инсоният ба бузургтарин кашфиёту дастовард ва ихтироот ноил гардида, табиати сайёраи Замин ва хатто фазои берун аз атмосфераро низ тасхир ва тобеи худ гардонид, яъне у хам ба дохили ядрои атом ворид шуду хам ба сайёрахои Системаи офтоби рох ёфт.
Аз ин чо, хулоса кардан мумкин аст, ки ивазшавии парадигмахо дар табиату чамъият боиси пайдоиши шохахои нави илми гардида, бахри пешрафти хаёти чамъияти заминахои мусоид фарохам меоранд.

Просмотров: 451 | Добавил: Каримов | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar