Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат
Омӯзгори сол 2017 Раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат
Барномасоз 2018 МД МТИК назди РМ ш.Ваҳдат
Беҳтарин кабинети ТИ 2019 МД МҶТИК ш.Душанбе
Компютер – пеш аз ҳама як намуд мошин аст. Он бо дигар мошинҳои дар рўзғори хонаю мактаб, нақлиёту истеҳсолот ва дигар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт истифодашаванда хеле монанд аст. Масалан, компютер низ чун дигар мошинҳо бо ёрии шабакаи барқӣ ё аккумулятор кор мекунад. Компютер низ аз якчанд қисмҳои ба ҳам алоқаманд иборат буда, барои иҷро намудани ягон мақсади муайян хизмат мерасонад.
Монитор таҷҳизотест, ки раванди интиқоли иттилоотро аз компютер дар экрани худ инъикос менамояд ва мавҳеи иттилооти ба воситаи сафҳакалид ё муш ба компютер воридшудаистодаро дар экран нишон медиҳад.
Сафҳакалид - таҷҳизотест, ки аз маҷмӯи тугмакалидҳо иборат буда, барои ба компютер ворид кардани иттилоот ва идора кардани раванди иҷрои барномаҳо пешбинӣ шудааст. Аз сафҳакалид бештар ҳангоми ҳуруфчинии матнҳо, навиштани барномаҳо, пур кардани ҷадвалҳои ададӣ, идора кардани матн дар экрани монитор ва ғайра истифода мебаранд. Сафҳакалид дар намудҳои гуногун истеҳсол карда мешавад.
Муш низ таҷҳизотест, ки асосан барои ба компютер ворид кардани иттилоот ва идора кардани раванди кори компютер пешбинӣ шудааст. Тарзи корбарӣ бо муш нисбат ба сафҳакалид хеле осон буда, раванди иҷрои ин ё он амалро дар экран аз рӯйи ҳаракати мавзуни мушнамо идора мекунанд. Муш дар интихоби нишонаҳо, кушодани равзанаи барномаву санадҳо, корбарӣ бо объектҳои графикӣ ва амалиёти гуногун афзори беҳамтост.
Блоки системавӣ қисми аз ҳама асосии компютер ба ҳисоб меравад, ки дар он клавятура, монитор, муш, принтер, сканер ва дигар таљҳизотҳо пайваст карда мешавад, ва дар дохили он микропротсесор, хотира, блоки таъминоти барқ (блок-питания), картаи тасвири (видио-карта), картаи садоӣ (звуковая карта) ва дигар элементҳои идоракунанда ва таъминкунандаи кори компютер ҷойгир шудаанд./
Тахтаи интерактивӣ (электронӣ) аз забони англисӣ Interactive Whiteboard гирифта шуда, – ин як экрани калонтарини интерактивӣ дар шакли маҷмӯи аломатҳои магнитии сафед ба шумор меравад. Аввалин тахтаи интерактивӣ (электронӣ) соли 1987 аз ҷониби сарварии ширкати СМАРТ (SMART) Дэвид Мартин сохта шуда, дар соли 1991 аввалин намуди тахтаи интерактивӣ пайдо шуд. Тахтаи электронӣ яке аз таҷҳизоти замонавии мустақим бо экрани калони сенсорӣ мебошад, ки тавассути проектори мултимедӣ ва компютер ба кор дароварда мешавад. Ҳамзамон тахтаи электронӣ аз ду тараф бо панели асбобҳои сенсорӣ иборат буда, имкониятҳои бениҳоят зиёд барои баҳри баланд бардоштани сифати машғулиятҳо мавқеи муҳим мебозад.
Тахтаи электронӣ яке аз воситаҳоест, ки тавассути он фазои мусоиди ҳавасмандгардонӣ ва эҷодӣ бунёд кардан осон аст. Дар чунин маврид, шунавандагон фаъолона ва бо тайёрӣ ба дарс иштирок намуда, таваҷҷӯҳи онҳо ба омӯзиш зиёд мегардад. Истифодаи тахтаи электронӣ ба омӯзгор имконият медиҳад, ки вақти худро сарфакорона истифода барад, чунки ҳангоми истифодаи тахтаи электронӣ нисбат ба тахтаи муқаррарӣ 30% -и вақт сарфа мегардад. Мо муаллифони ин дастур тасмим гирифтем, ки на фақат тарзи истифодаи тахтаи электронӣ, балки насби ин таҷҳизотро нишон диҳем. Тахтаи интерактивӣ (электронӣ) дар кабинетҳои таълимии фаннӣ, толори маҷлисгоҳ, толорҳои синфҳои гурӯҳӣ, кабинетҳо барои омӯзиши фосилавӣ истифода мешаванд.
Дастурҳои методӣ
Сомонаҳо
Мақолаҳои илмӣ
Мутахассисон (шогирдон) дар соҳаи ТИ
Установка и обновления всех видов лицензионных антивирусов
Установка всех видов информационной технологии и социальная сеть
Ремонт компьютеров, диагностика и установка всех видов операционных систем
Создание разные презентации на основе 3D технологии