=

Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон аз фанни технологияи иттилоотӣ»
[ Скачать с сервера (60.2 Kb) ]18.04.2020, 14:25

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «  26 »  10  соли 2019, №15/22

тасдиқ шудааст

 

 

        Низомномаи

озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон аз

фанни технологияи иттилоотӣ»

 

1.Қоидаҳои умумӣ

1. Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон (минбаъд-Низомнома) аз фанни технологияи иттилоотӣ» дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

2. Низомнома тартиб ва ҷараёни гузаронидани озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон аз фанни технологияи иттилоотӣ»-ро дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ ба танзим дароварда, минбаъд барои рушди фаъолияти эҷодӣ ва маҳорати касбии омӯзгорони фанни мазкур мусоидат менамояд.

3. Низомнома тартиб, ҷой, муҳлат, талабот ба иштирокчиёни озмун ва маблағгузории онро муқаррар менамояд.

4. Озмуни омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ ҳар сол як маротиба гузаронида шуда, даври чоруми он охири моҳи сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

5. Ташкилкунандагони озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон аз фанни технологияи иттилоотӣ» Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

 

2. Мақсади асосии озмун

 

6. Озмуни мазкур бо мақсадҳои зерин ташкил карда мешавад:

а) дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар ва  эҷодкор аз фанни технологияи иттилоотӣ;

б) қадрдонии меҳнати омӯзгорон ва баланд бардоштани мақому манзалати онҳо дар ҷомеа.

в) рушди маҳорати касбии омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ;

г) тарғиб намудани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини фанни технологияи иттилоотӣ.

Категория: Ҳуҷҷатҳо | Добавил: Каримов
Просмотров: 733 | Загрузок: 73 | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
avatar